Нашри тозаи гуфтори «Ояндасоз» ва «Бехтаринхои мусики» (16-07-2008)

Теъдоди донишмадони чавони точик кам мешавад. Сабаб чист: имкониятхо махдуданд ва ё давлат ниёзе ба донишмандон надорад?

Мо шояд сари хар лукмаи нон аз унвон меандешем. Гохо мехохем унвони илми ва гохо унвони баланди низоми ва гохо унвони раиси дошта бошем. Аммо макомоти Точикистон мегуянд, тули чанд соли ахир теъдоди олимон ва ё донишмандони чавон кохиш ёфтааст. Омори расми хам баёнгари он аст, ки Шурои олимони чавони Фархангистони улуми Точикистон 350 узв дорад ва аз ин миён танхо 15 нафар номзадии худро химоя намудаву ба гирифтани унвони илми сохиб шудаанд.

Тобистон мавсими таътил барои кист? Боздиди хамкори «Ояндасоз» аз истирохатгоххои Сугд.

Як саре ба истирохатгоххои Сугд мезанем. Хамкори «Ояндасоз» дар шахри Хучанд барои фахмидани асли вокеъият, ки ки дар кучо ва чи гуна истирохат мекунад, ба сохили Бахри Точик рафта буд. Пешдастӣ намекунам, яъне намегуям, ки у чи дидаву чи шунида. Бехтар аст ин хамаро аз Ибодати Неъматзода бишнавед.

Рахбар бояд чавон бошад ё пир? Точикистони шонздахсолаи собистиклолро хануз хам бидуни чехрахои чавон идора мекунанд.

Медонед, бо хар касе аз чавонон сухбат кардем, мехост рахбар бошад. Хатто барномахое хам дорад, ки чи гуна мешавад кишварро аз бухрони иктисоди берун кашид. Аммо бештари онхо ба далели пайдо накардани кори муносиб дар идороти хукумати ва гайрихукумати дар кишвархои хоричи ба сар мебаранд. Ин огоз бехуда набуд. Зеро ахиран мачаллаи «Foreign Policy» ё Сиёсати Хоричи фехристи 10 рахбари чавон, яъне раиси чумхурон ва сарвазирони хукуматхои мухталифро нашр кардааст. Дар катори ин 10 рахбар хич ному нишоне аз Точикистон нест. Хатто аз Узбакистон ва хатто аз Киргизистону Казокистон. Аммо Дмитрий Медведев бо 43 сол син дар чойи охирини ин фехрист карор дорад. Ин мачалла гуфтааст, агар Барак Обама низ дар мохи новембри соли 2008 дар интихоботи раёсатчумхурии Амрико пируз шавад, бо чилу хафт солаш яке аз нахустин раиси чумхурони чавони Амрико хохад буд, аммо исми у низ дар ин фехрист чой нахохад ёфт. Зеро дар ин руйхати мачаллаи «Foreign Policy» Йигме Хесар — шохи Бутан бо 28 сол син дар чойи аввал карор дорад. Дар робита ба мавзуъи рахбарони чавон ва чойгохи онхо дар Точикистон бо Абдусамад Султонов, рахбари созмони «Чавонон ва тамаддун» сӯҳбате доштем…

Мехрона чи гунох дорад???

Мехрона номи кудакест, ки баробари ба дунё омаданаш сабабгори чангчоли миёни падару модараш ва бахонаи азхампошии хонаводаи онхо гардидааст.

Гунохи ин тифли навзод танхо хамин будааст, ки вай на писар, балки ғайрмунтазираи падараш духтар таваллуд шудааст. Наргис, модари 18-солаи Мехрона, мегуяд, шавхараш хамеша мехостааст, ки фарзанди нахустинаш писар бошад ва пайваста ба хамсараш таъкид мекардааст, ки агар тифли дар батнбудаи вай духтар бошад, у хонаро тарк мегуяд. 

Пас аз тавлид кардани духтар Наргиси чавон аввал интизор доштааст, ки шояд шавхараш бо дидани навзод ба вай мехре пайдо карда, фарзандашро хуб кабул менамояд ва бо ин умед духтарашро Мехрона ном гузоштааст. Вале, Наргис мегуяд, «аз рузе, ки духтарчаам таввалуд шуд, шавхарам на занг мезанад ва на нигохубин мекунад моро. Холо ман дар хонаи холаам хастам. Танхо як бор вай наздамон омад ва вакте кудакро хостам ба дасташ дихам ва гуфтам, ки бубин духтарчаатро, нигох накард. Руяшро гардонда, баромада рафт. Ва бо хамин моро партофт». 

Наргис мегуяд, шавхараш кабл аз у низ хамсар доштаву сохиби ду духтарча будааст, вале аз оилаи аввалинаш низ махз бо хамин чурм, ки у наметавонад барояш писар таввалуд кунад, чудо шудааст. Вокеан хам чунин ба назар мерасад, ки имруз таваллуди духтарро на дар хама оилахои точик ба хушнуди пазирои мекунанд. Дар хонаводахое, ки таваллуди писарро интизоранд, мушохида мешавад, ки бо ба дунё омадани духтар ихтилофу чанчолхо сар мезанад ва ғолибан занон чун гунахгор, ки на писар, балки духтар ба дунё овардааст, азият мекашанд. Дар чунин хол бархе модарон рохи халро дар искоти хамл мебинанд.   

Мусохиби мо Ханифа хам, ки сохиби ду духтарча аст, чунин ният доштаст. Вакте фарзанди аввалинашон духтар ба дунё омадааст, онхо мехостаанд хадди аккал бори дуввум сохиби писар бошанд, вале такдир ин бор хам барояшон духтарро насиб дидааст ва модар бо машварати наздикон мехохад искоти хамл кунад. Вай мегуяд, «ман нахуст хостам аз чанини дар батнбуда рахо шавам, яъне аборт кунам. Аммо табибон гуфтанд, ки кудакам аллакай дил мезанад ва аз нигохи дин ин амал номумкин буд ва ман уро таввалуд кардам. Холо бинед, ин садои тифли ман аст ва хар вакте ба чашмони у нигох мекунам, ба худ мегуям, худоё, агар ман ба ин амал даст мезадам хеч гох чашмони зебои уро намедидам». 

Раъно Бобочонова коршиноси масоили гендери мегуяд, дар чомеа имруз табъиз нисбати чинси зан хануз то таввалуди онхо ба миён меояд. Вай меафзояд, «бисёр холатхое рух медихад, ки дар оила духтар бошад, зан хангомии таваллуди духтари навбати хеле мушкил мекашад, фишори хунаш баланд мешавад ва гохе мешавад, ки шавхар умуман ба дидораш намеояд. Сабаби ин афкори мардуми мо аст, ки писарро такягохи падару модар, идомадихандаи насл мехисобанд ва мегуянд, дар пиронсоли махз у волидонро нигохубин мекунад. Вале бархе фикр мекунанд, ки аз ухдаи тарбияи духтар ба хуби намебароянд. Ин холатхо бори дигар собит месозад, ки дар чомеъаи мо падарсолори вучуд дорад ва новобаста ба конунхои кабулкарда ва барномахо дар ин маврид падарсолори устувор аст».

P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…

 

Кудакони захматкашу бехукук

Созмони чахонии кор аз рахбарони кишвархо даъват кардааст, то хакки кудакон ба омузишро дар кишвархояшон таъмин кунанд.

Созмони чахонии кор, макараш дар Женева, мегуяд, дар саросари дунё худуди 218 миллион кудак хоставу нохоста кор мекунанд, аз чумла бахши аъзам аз 75 миллион кудаке, ки боре хам пой ба дари мактаб нагузоштаанд. Ин созмон мегуяд, танхо бо чалби онхо ба омузиш метавон ин гурухи бузурги кудаконро аз банди кори ичбори рахо кард. Ба таъкиди Созмони чахонии кор, мушкилоти иктисодию ичтимоъи ва факр, адами дастрасии теъдоде аз кудакон ба омузишу парвариш ва мухочирати кори аз сабабхои аслии афзоиши суиистифода аз неруи кори кудакон дар кишвархо шудааст.

Ойнихол Бобоназарова, рахбари созмони ичтимоъии «Перспектива плюс» дар Душанбе, мегуяд, истифодаи берахмона аз неруи кудакон дар Точикистон хамоно нигаронкунанда боки мемонад. Бо вучуди он ки президент Эмомали Рахмон борхо аз минбархои баланд аз рушди иктисодии кишвар сухан гуфтааст, хазорон кудаки точик, ба гуфтаи хонум Бобоназарова, дур аз тахсил дар бозору сахрохои ин кишвар ба ичрои корхои сангин машгуланд. Хонум Бобоназарова факр ва мухочирати кори ба кишвархои хоричиро аз иллатхои аслии чунин амр дар Точикистон унвон мекунад ва мегуяд, ин танхо фархангу суннати осиёи нест, ки кудакро зери бори сангини аробаи зиндаги кардааст.  

Созмонхои байнулмилали низ мегуянд, дар пайи фурупошии Шурави ва огози чанги дохили дар Точикистон вазъи истифода аз кори кудакон вахимтар шуд ва акнун бисёре аз кудакони точик ба кор дар сахрохо ва ба хаммолию талбандаги дар бозорхо водошта мешаванд. Созмони «Начоти кудакон» дар як гузориши худ эълом кардааст, ки хамасола танхо дар корхои сахрои дар Точикистон аз неруи такрибан 200 хазор кудак истифода мешавад.

P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…