Хар боре сухан аз сиёсат ва сиёсатмадори равад, хатман чавонони точик мавриди накухиш карор мегиранд.
Ба ин далел, ки онхо аз сиёсат канорачуйи мекунанд аз сахнаи сиёсии кишвар ноогоханд ва дониши казойии сиёси низ надоранд. Вокеан казияи аз сиёсат дур ва дар сахни сиёсии кишвар хам ангуштшумор будани чавонони имрузаро сиёсатмадорони кишвар таъкид мекунанд.
Авомили дури чустани аксари чавонон аз сиёсат хам мухталиф арзёби мешавад. Б0а акидаи бархе вазъи ичтимоиву иктисодии кишвар чавононро аз сиёсат дур кардааст ва ё назаре хам хаст, ки ин таъсири чанги шахрвандист, ки аксари мардуми кившар аз чумла чавонон хам сиёсатзада шудаву аз ин масоили чидди канорагири мекунанд. Ба андешаи бархеи дигар омили дур будани шумори зиёди чавонон аз сиёсат дар кам чалб шудани онхо аз чониби ахзоби сиёси ва хукумати кишвар ба макомхои рахбари медонанд. Вале худи чавонон чи мегуянд?
Вале, ба кавли масъулини идораи чавонон дар хар сурат теъдоде аз чавонони таълимдидаву бофахм низ хастанд, ки ба сиёсат ва мавсоили сиёси таваччух доранд ва такдири сиёсии кишвар низ барояшон беахамият нест. Бархе аз ин гурухи чавонон аз хадафу фаъолияти кисмате аз сиёсатмадорон чонибдори мекунанд ва хатто идеалхои сиёсии худро доранд. Ба хайси чехрахои шинохтаву сиёси ин гурух чавонон Рахматулло Зоиров, раиси Хизби сотсиал-демократ, ва Мухиддин Кабири, раиси Хизби нахзати Исломро ном мебаранд. Аз чумлаи хамсухбатони мо Неъматуллох, як чавони точик, ки хардуи ин рахбари ахзоби сиёсиро аз сиёсатмадори вокеи мешуморад, вале мегуяд дар сахнаи сиёсии кишвар у ба ягон нафаре аз инхо монанд будан намехохад.
Ба андешаи чавони дигар Илхом, имруз дар сахнаи сиёсии Точикистон сиёсатмадорон ба кавле аз муйи сар зиёданд, аммо мегуяд у сиёсатмадори пешво ва вокейи танхо президенти кишвар Эмомали Рахмон будааст. Вай харчанд аз сиёсати пешгирифтаи окои Рахмон тавсиф намекунад, аммо мегуяд, ин мард тавонистааст дар сиёсат макоми худро пайдо кунад.
Бештари чавонхо мегуянд, сарфи назар шудани онхо барои таъйин гардидан ба макомхои рахбари ва сиёсати якчонибаи хукумати Точикстон онхоро аз сисёат дилсард кардааст…
Ин назари Илхом буд, аммо Мухаё, яке дигар аз хамсухбатони мо мегуяд то хол дар фазои сиёсии кишвар сиёсатмадореро пайдо накардааст, ки арзанда ва боис ба пайравии чавонону чалби чавонон ба сиёсат гардад. Хамин тавр, дар мавриди канорачуйии чавонон аз сиёсат назархо мухталифанд. Аммо бештари чавонхо мегуянд, сарфи назар шудани онхо барои таъйин гардидан ба макомхои рахбари ва сиёсати якчонибаи хукумати Точикстон онхоро аз сисёат дилсард кардааст ва онхо рохи начотро аксаран дар мухочират ва ё тахсил дар хорича мебинанд.