Карор аст беш аз 400 донишманди чавони кишвархои узви Чомеъаи муштаракулманофеъ дар мактаби тобистонае дар шахри Новосибирск мавзуъи тарбияи кадрхои чавон барои рушди хамкорихоро бахс кунанд. Аз холо 160 донишманди чавон аз Русия ва 60 донишманди дигари чавон аз Укроин барои ширкат ва суханрони дар ин мактаби тобистона изхор омодаги кардаанд. Аммо рушан нест, ки Точикистонро дар ин мактаб чи теъдод аз донишмандони чавони мо муаррифи мекунанд.
-
Макомоти Русия гуфтаанд, мавсими бахории чалби чавонон ба хидмати сарбози тулони идома ёфта ва танхо дар огози мохи июл анчом шудааст. Онхо мегуянд, танхо овозаи он ки мухлати хидмати сарбози шуруъ аз соли оянда то ду сол тамдид мешавад, кумак намудааст, то шумори бештари чавонон бо хохиши худ ба сафи артиш биёянд. Имсол хамин тавр, ба сафи артиши Русия беш аз 130 хазор чавон чалб шудаанд. Макомоти Точикистон низ дар мавсими бахории чалби чавонон ба сафи артиш мушкил доштанд ва мухлати даъватро то як мох тамдид бахшида буданд.
Додгохи олии Казокистон баррасии парвандаи як сокини 23 – солаи ин кишварро, ки ба узвият дар гуруххои ифротии мазхаби муттахам мешавад, огоз карданд. Додгох мегуяд, ин чавон муддатхои тулони барои пахн кардани варакахои таблиготии ваххобия ва чиход муттахам мешавад. Ин чавон соли 2006 хостааст ба Афгонистон рафта бо Толибон алайхи нерухои амрикои бичангад. Аммо хангоми сафараш ба Афгонистон тарики Точикистон дар ин кишвар боздошт мешавад ва сипас соли 2007 ба Казокистон интикол меёбад.