Мехрона номи кудакест, ки баробари ба дунё омаданаш сабабгори чангчоли миёни падару модараш ва бахонаи азхампошии хонаводаи онхо гардидааст.
Гунохи ин тифли навзод танхо хамин будааст, ки вай на писар, балки ғайрмунтазираи падараш духтар таваллуд шудааст. Наргис, модари 18-солаи Мехрона, мегуяд, шавхараш хамеша мехостааст, ки фарзанди нахустинаш писар бошад ва пайваста ба хамсараш таъкид мекардааст, ки агар тифли дар батнбудаи вай духтар бошад, у хонаро тарк мегуяд.
Пас аз тавлид кардани духтар Наргиси чавон аввал интизор доштааст, ки шояд шавхараш бо дидани навзод ба вай мехре пайдо карда, фарзандашро хуб кабул менамояд ва бо ин умед духтарашро Мехрона ном гузоштааст. Вале, Наргис мегуяд, «аз рузе, ки духтарчаам таввалуд шуд, шавхарам на занг мезанад ва на нигохубин мекунад моро. Холо ман дар хонаи холаам хастам. Танхо як бор вай наздамон омад ва вакте кудакро хостам ба дасташ дихам ва гуфтам, ки бубин духтарчаатро, нигох накард. Руяшро гардонда, баромада рафт. Ва бо хамин моро партофт».
Наргис мегуяд, шавхараш кабл аз у низ хамсар доштаву сохиби ду духтарча будааст, вале аз оилаи аввалинаш низ махз бо хамин чурм, ки у наметавонад барояш писар таввалуд кунад, чудо шудааст. Вокеан хам чунин ба назар мерасад, ки имруз таваллуди духтарро на дар хама оилахои точик ба хушнуди пазирои мекунанд. Дар хонаводахое, ки таваллуди писарро интизоранд, мушохида мешавад, ки бо ба дунё омадани духтар ихтилофу чанчолхо сар мезанад ва ғолибан занон чун гунахгор, ки на писар, балки духтар ба дунё овардааст, азият мекашанд. Дар чунин хол бархе модарон рохи халро дар искоти хамл мебинанд.
Мусохиби мо Ханифа хам, ки сохиби ду духтарча аст, чунин ният доштаст. Вакте фарзанди аввалинашон духтар ба дунё омадааст, онхо мехостаанд хадди аккал бори дуввум сохиби писар бошанд, вале такдир ин бор хам барояшон духтарро насиб дидааст ва модар бо машварати наздикон мехохад искоти хамл кунад. Вай мегуяд, «ман нахуст хостам аз чанини дар батнбуда рахо шавам, яъне аборт кунам. Аммо табибон гуфтанд, ки кудакам аллакай дил мезанад ва аз нигохи дин ин амал номумкин буд ва ман уро таввалуд кардам. Холо бинед, ин садои тифли ман аст ва хар вакте ба чашмони у нигох мекунам, ба худ мегуям, худоё, агар ман ба ин амал даст мезадам хеч гох чашмони зебои уро намедидам».
Раъно Бобочонова коршиноси масоили гендери мегуяд, дар чомеа имруз табъиз нисбати чинси зан хануз то таввалуди онхо ба миён меояд. Вай меафзояд, «бисёр холатхое рух медихад, ки дар оила духтар бошад, зан хангомии таваллуди духтари навбати хеле мушкил мекашад, фишори хунаш баланд мешавад ва гохе мешавад, ки шавхар умуман ба дидораш намеояд. Сабаби ин афкори мардуми мо аст, ки писарро такягохи падару модар, идомадихандаи насл мехисобанд ва мегуянд, дар пиронсоли махз у волидонро нигохубин мекунад. Вале бархе фикр мекунанд, ки аз ухдаи тарбияи духтар ба хуби намебароянд. Ин холатхо бори дигар собит месозад, ки дар чомеъаи мо падарсолори вучуд дорад ва новобаста ба конунхои кабулкарда ва барномахо дар ин маврид падарсолори устувор аст».
P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…
1 комментарий пока что ↓
parviz // Сентябрь 22, 2008 в 10:22 дп
durud bar shumo
man voqian az ssaiti shumo khushhol shudam chun saiti xeli ba ruz ast.dustaton doram .umedvoram bitavoned zihn va jahonbini mardum vase kuned