То кай аз «сахнаи сиёси» мегурезем???

Хар боре сухан аз сиёсат ва сиёсатмадори равад, хатман чавонони точик мавриди накухиш карор мегиранд.

Ба ин далел, ки онхо аз сиёсат канорачуйи мекунанд аз сахнаи сиёсии кишвар ноогоханд ва дониши казойии сиёси низ надоранд. Вокеан казияи аз сиёсат дур ва дар сахни сиёсии кишвар хам ангуштшумор будани чавонони имрузаро сиёсатмадорони кишвар таъкид  мекунанд.

 

Авомили дури чустани аксари чавонон аз сиёсат хам мухталиф арзёби мешавад. Б0а акидаи бархе вазъи ичтимоиву иктисодии кишвар чавононро аз сиёсат дур кардааст ва ё назаре хам хаст, ки ин таъсири чанги шахрвандист, ки аксари мардуми кившар аз чумла чавонон хам сиёсатзада шудаву аз ин масоили чидди канорагири мекунанд. Ба андешаи бархеи дигар омили  дур будани шумори зиёди чавонон аз сиёсат дар кам чалб шудани онхо аз чониби ахзоби сиёси ва хукумати кишвар ба макомхои рахбари медонанд. Вале худи чавонон чи мегуянд?

 

Вале, ба кавли масъулини идораи чавонон дар хар сурат теъдоде аз чавонони таълимдидаву бофахм низ хастанд, ки ба сиёсат ва мавсоили сиёси  таваччух доранд ва такдири сиёсии кишвар низ барояшон беахамият нест. Бархе аз ин гурухи чавонон аз хадафу фаъолияти кисмате аз сиёсатмадорон чонибдори  мекунанд ва хатто идеалхои сиёсии худро доранд. Ба хайси  чехрахои шинохтаву сиёси ин гурух чавонон Рахматулло Зоиров, раиси Хизби сотсиал-демократ, ва Мухиддин Кабири, раиси Хизби нахзати Исломро ном мебаранд. Аз чумлаи хамсухбатони мо Неъматуллох, як чавони точик, ки хардуи ин рахбари ахзоби сиёсиро аз сиёсатмадори вокеи мешуморад, вале мегуяд дар сахнаи сиёсии кишвар у ба ягон нафаре аз инхо монанд будан намехохад.

 

Ба андешаи чавони дигар Илхом, имруз дар сахнаи сиёсии Точикистон сиёсатмадорон ба кавле аз муйи сар зиёданд, аммо мегуяд у сиёсатмадори пешво ва вокейи танхо президенти кишвар Эмомали Рахмон будааст. Вай харчанд аз сиёсати пешгирифтаи окои Рахмон тавсиф намекунад, аммо мегуяд, ин мард тавонистааст дар сиёсат макоми худро пайдо кунад.

 

Бештари чавонхо мегуянд, сарфи назар шудани онхо барои таъйин гардидан ба макомхои рахбари ва сиёсати якчонибаи хукумати Точикстон онхоро аз сисёат дилсард кардааст…

 

Ин назари Илхом буд, аммо Мухаё, яке дигар аз хамсухбатони мо мегуяд то хол дар фазои сиёсии кишвар сиёсатмадореро пайдо накардааст, ки арзанда ва боис ба пайравии чавонону чалби чавонон ба сиёсат гардад. Хамин тавр, дар мавриди канорачуйии чавонон аз сиёсат назархо мухталифанд. Аммо бештари чавонхо мегуянд, сарфи назар шудани онхо барои таъйин гардидан ба макомхои рахбари ва сиёсати якчонибаи хукумати Точикстон онхоро аз сисёат дилсард кардааст ва онхо рохи начотро аксаран дар мухочират ва ё тахсил дар хорича мебинанд.

 

Амри маъруф: таъсири мусбат ва манфии он аз нигохи чавонон

Телефони чавоне занг мезанад ва ба чои занги телефон пораи вазъи яке аз рухониёни точик садо медихад.

Эшони Нуриддин хангоми мавъизахони

Вокеан имруз дар баробари мусикихои рангоранг аксари чавонон дар телефонхои худ пора аз мавъизахо дар мавзухои мухатлиф ё амри маъруфро сабт кардаву гуш мекунанд. Хамчунин шунидани мавъизахои рухониён имруз бештар дар дохили микроавтбусхо, ки бо садои баланд шунавонида мешавад ва ё дар бозори корвон, ки шунавандагони пайвастаи он точирони бозоранд хеле зиёд мушохида мешавад. 

 

Барои бахрабардори аз мавъизахои диннии рухониёни маъруфе ба мисли Хочи Мирзо, Эшони Нуриддин, Эшони Махмуд, Эшони Аллома хар рузи чумъа аз хар кунчу канори шахр ва навохии атрофи он афроди зиёде чориди масочид мешаванд ки аксари онхо чавононанд. Рухониён мегуянд, мавъизахои онхо ва мавзуххое ки матрах меардад бештар барои тарбияи чавонон равона мешавад, аммо дар мавриди мухтавои мавъизахо ва шеваи гуфтори рухониён худи чавонони назархои мухталиф доранд. Бархе мегуянд, сахми  мавъизахо воқеан хам дар тарбияи хамсолонашон бузург аст ва мавъизахо ё амри маъруф метавонад кореро бикунад, ки ичрои он хатто барои масъулин ва макомот мушкил аст.

 

Зимнан бархе аз чавонон пешниход мекунанд ва хам дар бархе аз нашрияхо ин  назарро мутолиа намуда будам, ширкати рухониён дар қисмхои низомиву шунавонидани мавъизахои динни ба сарбозон чихати аз байн бурдани худкуши ва амалхои номатлубе, ки голибан гуфта мешавад дар кисмхои низоми сар мезанад метавонад мусоидат кунад. 

Мусохибони чавонам Анис ва Парвина мегуянд, ки бештари рухониён дар мавъизахои худ ба тахкиру ихонати шахсият рох медиханд

 

Вале Мусохибам Маъруф худро мисол меорад ва мегуяд, имруз бисёр иштибоххои худро дар зиндаги дарк кардаву акнун ичрои кору амалхои зиёдеро ба  худ ичоза намедодааст. У ин тагиротро дар худ баъд аз гуш додан ба мавъизахо эхсос карда будааст. 

 

Мусохибони чавонам Анис ва Парвина мегуянд, ки бештари рухониён дар мавъизахои худ ба тахкиру ихонати шахсият рох медиханд, ки ин ба акидаи онхо ба тарбияи чавонон баръакс таъсири манфи мерасонад.  

 

Хумайро дар ин маврид шеваи мавъизахои Шайх Ренатро, мисол меорад, ки вактхои ахир дар Точикистон хам мавъизахои у бо забони руси зиёд шунида мешаванд. Ба гуфтаи Хумайро ин рухониии тотор лахни гуфтори хеле орому таъсирбахш дорад ва мавзуъхои интихоб намудааш низ аз ахамият холи нестанд.

 

Ва аммо мусодираи наворхои сабти ва тасвирии гуфторхои мазхаби дар кишвар идома дорад ва ахиран масъулини вазорати фарханги кишвар фуруши хамма даскнавору видеонаворхои динниро дар кишвар гайриконуни хонда гуфтаанд, барои нашру фуруши ин гуна мавод мучавиззи вижа лозим аст.

Салафихо…Чавонон ва макоми забони точики дар нашри тозаи Ояндасоз (21.07.2008)

Дуруд бар Шумо, шунавандаи арчманд. Дар ин нашри барнома низ гузоришхои хубу шунидани ва мусикихои тоза дорем.

Нигарони аз хузури салафихо. Макомоти вазорати фарханги Точикистон аз пайравони салафия давъат кардааст, то берун аз чорчуби кавонини кишвар берун нараванд.

“Моро дасти кам нагир”…Ин матни таронаи зебо аз Бежани Муртазавист. Аммо холо бармегардем ба мавзуъи хузури салафиён дар масочиди чомеъи Точикистон ва бахси онхо бо намояндагони мазхаби ханафи дар кишвар. Ахиран макомоти вазорати фарханги Точикистон хам дар пайи як нишасти хабари дар Душанбе, бо вучуди он ки макомоти расмии Точикистон фаъолияти ин чараёни навпайдоро мамнуъ эълом надоштааст, онхоро як чараёни дар минбаъда хатарзо унвон кардаанд. Ва аз пайравони чараёни салафия давъат намудаанд, то дар чахорчуби конунхои чории Точикистон фаъолият кунанд, на бештар аз он. Худудан ду сол мешавад, ки мавзуъи салафихо расонахои чопии кишвар ва махофили хосу омро гарм нигох медорад. Аммо он то кучо ба манфиати мост ва то кучо бар зарар? Шархи бештар аз хамкори мо Шахлои Гулхоча.

Забони давлати ва чавонон: Точики бехтар ё гайриточики?  

19 сол пеш аз ин, дар охирин рузхои пойбарчоии хукумати Шурави сокинони Точикистон тасвиби конуни забони точикиро кадами чидди дар хифзи бештари забони точики медонистанд, аммо холо бештари сохибназарон ва муборизони покизагиву макомдории забони точики бар ин боваранд, ки коре, ки дар ин маврид бояд дар мухлати начандон тулони анчом мешуд, то кунун идома дорад ва хам ба кунди пеш меравад. Зеро мегуянд, бар изофаи он ки дар бархе маворид хатто сохибони забони точики мавриди муошират ба забонхои ғайр авлавият медиханд, хануз хам забони коргузори ва илм дар кишвар комилан точики нест ва дар мавриди точикисозии забони ин бахшхо аз икдомоти чидди кор намегиранд. Хамчунин бисёрихо аз чавонон интикод мекунанд, ки майл ба суи забонхои ғайриточики доранд ва наметавонанд дар покизагии ин забони модарии худ сахим бошанд. Ба тафсилоти ин мавзуъ дар Хучанд хамкори мо Ибодати Неъматзода пардохтааст.

 

Чавонон ва забони давлати ё назари чавонон ба вазъи забони давлати дар Точикистон. Аммо бо гузашти 19 сол аз тасвиби конуни забони точики ва макоми давлатиро касб кардани ин забон дар Точикистон, ин суол хануз хам матрах аст, ки оё вокеан точики — забони модарии аксари мардуми Точикистон ба гунаи мусбат, покизаги ва муоширати расми ва коргузори рушд кардааст ё на? Дар робита бо вазъи точикдонии чавонони кишвар ва майли онхо ба ин забон бо Иршод Сулаймони, устоди чавони Донишгохи давлатии миллии Точикистон, сухбате доштем ва нахуст аз у пурсидем, ки даъвои ин ки гуиё аксари чавонони точик забони давлатии худро ба хуби намедонанд, то кучо дуруст аст?

Нигохе ба вазъи наврасон дар нохияи Темурмалики вилояти Хатлон.

Хамчунин, хамкори мо Зарангези Наврузшох, ки барои боздид аз вазъи навчавонони вилояти Хатлон ба нохияи Темурмалик рафта буд, баргашт. Зарангез мегуяд, дар ин нихоя низ мисли навохии дигари Точикистон аксари мардон ба Русия барои  мухочироат рафтаанд ва хама бори зиндаги бар души кудакону модарони онхо бор шудааст. Сухан аз дахони Лукмон шунидан хуш аст. Ба гузориш Заранези Наврузшох таваччух кунед.

 

Агар мехохед, рочеъ ба мавзуъхои гуфтори Ояндасоз изхори назар кунед, бо мо дар тамос шавед: телефони мо дар Душанбе – 224 08 77, имейли мо — oyandasoz@rferl.org. Рузу рузгоратон хуш ва Худо ёру ёвари Шумо бод!

 

Хавонаварди ояндаи рус дар чустучуи кор ба Точикистон меояд

Вакте дунболи сомонахои интернетии руси мегаштам, як матлаби чолибро хондам, ки Радион Орлов, хатмкардаи мактаби нерухои низомии Русия бо тахассуси мухандис-хавонавард натавонистааст то хануз дар кишвараш чойи кори муносиб пайдо кунад ва у ба хабарнигорон гуфтааст, нийят дорад ба Точикистон равад. Шояд Орлов дар интихоби Точикистон хато накарда бошад. Зеро дар кишвари мо сохибони ин гуна тахассус хеле кам ва ниёзманди ба он бештар аст. Хамин тавр не???

Нахустин парапланистхои чавони точик

Робия Чалолова, як чавондухтари точик, парвози аввалини худро чанде пеш бо тайёраи АН-2 анчом дод. Робия аз навраси ба фарк аз дугонахояш ба касби халабони шавк доштааст. У аслан хатмкунандаи дигар ришта аст, вале бо даст додани аввалин имконот орзуи деринаи худро хам амали намудааст. У акнун ягона духтарест, ки дипломи хавонавардии авиатсияи хурди Точикистонро дорад.  

 

Нахустин гурухи парапланистхои Точикистон ин риштаро хатм карданд. Парапланист будан яъне чи? Ва оё зараруте ба сохибони ин касб вучуд дорад?  

Робия мегуяд, «албатта барои духтарон корбари бо кисмхои мошин мушкил аст, ба вижа бо кисмхои хавопаймо, ва аз хамин чихат ман хам каме мушкил доштам, аммо дигар дар рондани тайёра аслан ягон мушкил надорам». Дар баробари Робия ахиран 22 нафар чавписари точик хам нахустин маркази омузишии халабониро, ки ахиран дар назди бошишгохи чумхуриявии хавопаймои таъсис ёфт, хатм карданд. Чалолиддин Чамолов, рахбари маркази мазкур, мегуяд, баъд аз 6 мохи тахсил чавонон метавонанд мустакилона хавопаймохои хурд, ба мисли АН-2-ро идора намоянд. Ба гуфти у, зарурати таъсиси чунин марказ дар кишвар ва омодасозии халабонхои хавопаймохои хурд барои нобуд кардани малаху дигар хашаротхо, ки солхои ахир ба риштаи кишоварзии Точикистон зарар мерасонанд пеш омадааст.

 

Чалолиддин Чамолов афзуд, «хамаи лётчикхои мо дар давлатхои собик СССР, Русия, Казокистон ва Укроин тахсил мекарданд. Ва ин бор мо мачбур шудем, ки як курси кутохмуддати омузиши дар базаи аэероклуб ташкил кунем. Дар мо хамаи шароитхо хаст. Инхо, ки аввалин лётчикхои дохили хастанд, барояшон бештар тачриба лозим аст».  

 

Ба гуфти окои Чамолов, нахустин мухассилини маркази омузишии хавопаймохои хурд чавононеанд, ки то андозае ба ин соха ошнои доранд. Аммо сар аз соли оянда дар марказ хама чавонони хохишманд, хонандагони синфи 9 ва 10 хам метавонанд ба тахсил фаро гирифта шаванд. Омузиш дар ин марказ бо забони руси аст ва мушкили масъулин хам дар набуди матолиби точики ва  муттахассисони дохили аст. Хамчунин набуди маблағи кофи барои парвозхои санчиши аз дигар мушкили соха будааст. Дар 15 соати дарси такрибан 4 тонна сузишвори масраф мешудааст.  

 

Ин хам дар холест, ки ба гуфти як хатмкунандаи маркази талимии хавопаймохои хурд, барои мустаъкилона идора намудани як хавопаймо танхо 6 мохи омузиши кофи нест. Чалолиддин Чамолов мегуяд, онхо бояд харчи бештар дар хавопаймохо тачриба кунанд: «Барои мо бисёр душвор аст, чунки хавопайморо дар баландии 5-10 метр идора кардан лозим аст. Барои ин тачрибаи зиёд лозим аст. Мумкин 1 ё 2 сол. Мушкили дигар дар дурии баззаи тачрибавии мост, ки дар Фахробод — 30-35-километрии Душанбе чойгир шудааст. Шояд ба мо донишчуён ягон автобус ё наклиёти махсус ташкил кунанд». 

 

Вале дар мачмуъ дар Точикистон ягон омузишгохи махсуси хавопаймои нест ва хохишмандон бо кумаки фурудгоххо дар хоричи кишвар бештар дар Русияву Кирғизистон таълими халабониро аз худ мекунанд. Ба гуфти муттахассисон, барои таъсиси чунин як омузишгох дар Точикистон мушкили раками аввал дарёфти муттахассисони хирфаи аст. Садриддин Мухидддинов, мудири осорхонаи бошишгохи чумхуриявии хавопапаймои, мегуяд, имруз касби халабони миёни чавонон нуфуз надорад ва ғолибан волидон хам ба фарзандонашон интихоб ин сохаро тавсеъа намедиханд.

 

Аммо аксари чавонон мегуянд, мехоханд летчик бошанд, вале имкони моли надоранд ва хам аз суи дигар ба боварии онхо тахсил дар ин соха аз хар чихат ба вижа аз чихати моли барояшон мушкил аст.

 

P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…

Либоси исломи ва либоси гайриисломи

Али Мухаммад, ё тавре худаш мегуяд, Али M (Эм) пули зиёди худро сарфи либосхои муди нав, ороиши муй ва кремхои гаронбахои хифзи пуст сарф мекардааст.

Али Эм танхо як нафар аз хазорон нафар дар Эрон аст, ки шеваи либоспуширо на танхо як воситаи каноатмандии хеш, балки як навъи эътироз ба зидди меъёри либоси исломи дар Эрон интихоб кардааст. Зимни мусохибаи телефони Али Эм гуфт, чанд дакика пеш аз мусохиба ороиши муи сар ва хатто абрувонашро низ тагйир додааст. Харчанд Али Эм хазл мекард, аммо ифтихор дар садояш эхсос мешуд.

 

Дар Эрон бар асоси меъёрхои исломи занону мардон бояд хоксорона либос пушанд. Касе ин мукарраротро риоят намекунад, чазо мегирад, яъне ё боздошт мешавад, ё чарима месупорад ва ё хатто ба зиндон андохта мешавад.  

 

Дар хафтахои ахир пулиси ахлоки Эрон талошхои риояти мукаррароти пушидани либосро шиддат бахшид, ки бар асоси ин мукаррарот хонумон бояд хичоб ва ё русари дошта бошанд ва мардон куртаи остинкутох напушанд. Ба мардон ичоза нест, ки муи сари худро мисли чавонони гарби ороиш диханд ва ё абрувонашонро бичинанд. 

 

Харчанд маъмурони пулис чунин афроди ба истилох конуншиканро зуд-зуд боздошт мекунанд, аммо Али Эм мегуяд, ки парвои пулисро надорад. Ба гуфтаи вай, мисли у миллионхо нафар хастанд, ки бо пайрави аз мудхои нави байналмилали, ки дар телевизионхо, мачаллахо мебинанд, либос мепушанд. Али Эм мегуяд, ки у ва эрониёни дигарпуш харчанд дар маъзари омм хоксорона либос мепушанд, аммо дар чамъомадхои хусуси достон тамоман дигар аст ва хама мудхои ахирро бар бар мекунанд.

 

Дар Техрон фурушгоххои зиёди либосхои кимматбахоро метавон дид, ки хатто либосхои пушиданашон мамнуъ дар Эрон низ ба фуруш гузошта шудааст. Ва ин либосхо харидори зиёд хам доранд. Баъзе аз бонувони эрони мегуянд, ки онхо дар пушидани либос зиндагии дугуна доранд, яъне дар чойи кор он чиро мепушанд, ки макомот мехоханд ва дар хона ва ё чамъомадхои хусуси он чиро ба бар мекунанд, ки дилашон мехохад, яъне либосхои беостин ва шимхои тангро низ. Эрач Чамшеди, хабарнигори мустакили эрони мегуяд, ки дахолати макомот ба зиндагии хусусии мардум, ба хусус шахриён онхоро ба танг овардааст ва аз ин сабаб онхо мукаррароти расмиро нодида мегиранд. 

 

Нилуфари 23-соларо барои пушидани либоси нодуруст маъмурони пулис боздошт карда ва баъди омадани волидону овардани либоси дуруст аз боздоштгох рахо кардаанд. Ӯ мегуяд, ки бо вучуди ин тарсе хам надорад ва хамон рафторашро идома медихад. 

 

Эрач Чамшеди мегуяд, талоши макомот барои риояти мукаррароти либоспуши як бахши саъйи хукумат барои идораи чомеа аст. Ба гуфтаи вай, авзоъ дар Эрон содда нест ва бо хар бахонаи хурде ошубхои ичтимои метавонанд сар зананд. Аз ин ру, ба гуфтаи Эрач Чамшеди, макомоти Эрон мехоханд, зиндагии мардумро дар чанги худ сахттар нигах доранд.

P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…

 

Фарзанди мансабдорон низ дастнорасанд???!!!

Фарзанди мансабдорони Точикистон мисли волидайни худ аз чашми чомеъа дур ва хеле дастнорасанд.

Сохиби ин аксро факат аз пушти панчарахо ва ё телевизион метавон дид

Яке аз нашрияхои Точикистон навишта буд, ки мансабдорону афроди воломакоми кишвар дар боробари пинхон доштани дороии шахси, хамчунин, кушиш мекунанд аз ифшои хар гуна иттилоъ рочеъ ба фарзандону хонаводаи хеш низ худдори намоянд. Ба гуфтаи аксари хамсухбатони чавони мо, хамсолони сарватмандашон, ки фарзандони шахсони мансабдорон хастанд, бо гурухи махдуди ба худ мувофик ва муносиб равуо мекунанд ва тарзи зиндагии хаёти онхо, сару либос ва рафтору гуфтори онхо аз чавонони маъмули фарки зиёд дорад.  

 

Барои мисол, онхо дар наклиёти мусофирбари чамъияти намегарданд ва ба мисли даххо дигар хамсолонашон вакти худро барои хариди сару либоси арзон зери офтоби сузон дар бозори «Корвон»-и Душанбе сарф намекунанд. Ва хатто тарабхонахое ба мисли «Мерве» ва ё «Волшебний сыр», вокеъ дар маркази Душанбе хам дигар чои нишасту сухбатороии ин чавонон нест. Мавзуъи бахсу сухбат хам миёни ин ду кишри чавон фарк мекунад. Сухбати фарзандони мансабдорони сарватманд аз пулу молу даромадхост, вале чавонони одди бештар аз дарду мушкилот харф мезананд. Як мусохиби мо мегуяд, ки хамин гуна тафовут ва табакабанди чавонони сарватмандро аз хамсолони оддиашон дар канор гузоштааст: «Онхо бо маблагхои калон, мошинхои кимат ва сару либоси хеле гаронбахо мегарданд ва хамин чизхо, ба фикри ман, як монеъа аст барои бевосита муошират кардан бо мардуми ашхоси одди».  

 

Ва аммо Нилуфар, хамсухбати дигари мо, таъкид мекунад, ки на хама фарзандони ашхоси сарватманд магруранд ва бо карру фар мегарданд. Ба кавли у, бархе мехоханд ба мисли дигар хамсолонашон зиндагии нисбатан озодона дошта бошанд, вале дар аксар мавридхо вазифа ва нуфузи падар онхоро мачбур месозад, то аз дигар чавонон худро канор бигиранд. Ба кавли Нилуфар, голибан худи волидони мансабдор хам фарзандашонро дар чунин рухия тарбия мекунанд: «Агар як чавони сарватманд ё фарзанди мансабдор миёни чавонони миёнахол бошад, у хатман фарк карда меистад ва дар чунин хол таваччух ба у зиёд мешавад. Масалан, суолхоеро ба бор меорад, ки аз кучо ин кадар зиндагии хуб дорад? Чаро дар донишгох захмати зиёд накашида, бахои аъло мегирад? Манбаи даромадаш аз кучост? Ва ин суолхо шояд ба зиндагии таъмину озодаи онхо бетаъсир нахохад монд». 

 

Фотима Достиева -- духтари сафири Точикистон дар Русия

Дар хамин хол мусохиби дигарам аз замони мактабхониаш дар як литсеи пойтахт ва ду хамсабаки дорояш ёд мекунад, ки номзадии падари онхо дар чанд соли пеш ба макоми президенти пешниход шуда буд: «Онхо бо сару либоси гаронбахо ва мухофизону худравхои махсус ба мактаб омада, аксаран аз сухбати зиёд бо хамсинфон хам худдори мекарданд. Хатто дар синфи худ онхо танхо 2-3 нафар дугона доштанд ва танхо бо онхо сухбат мекарданд». Вале дар як сухбати ихтисосии худ бо барномаи «Ояндасоз» Фотима Достиева, духтари сафири Точикистон дар Русия, гуфта буд, ки бидуни мошини шахси ва мухофиз мегардад ва зиндагии онхо аз зиндагии чавонони оддии Точикистон хеч тафовуте надорад.  

 

Аммо дар хар сурат бархе аз мусохибони мо мегуянд, бо вучуди ин ки фарзандони ашхоси сарватманд ва мансабдор имконоти бехтари моливу иктисоди барои омузиш доранд ва дар кишвархои хорич тахсил кардаву забондонанд, аммо на хама бомаърифту сохибистеъдоданд. Яке аз хамсухбатон мегуяд: «Худи онхо чунин мехоханд, онхо голибан ба дигарон бо як такаббур нигох мекунанд. Хар як галстуке, ки фарзанди вазир мебандад, як бачаи камбагал маблаги онро шояд дар як сол дарёфт карда натавонад. Ман гумон мекунам, ки агар мансабадорон хоханд, ки ба мардум наздиктар бошанд ва онхоро дигарон эхтиром кунанд, бояд бо дигарон хам муносибати хуб дошта бошанд».

P.S: Хамчунин метавонед, изхори назар ва ё дархости худро ба адреси имейли oyandasoz@rferl.org низ бифиристед…